Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БЕДОДИ ҲУМОЮН

Фитнаи чашми ту чандон раҳи бедод гирифт, Ки шикеби дили ман домани фарёд гирифт. Он ки ойинаи субҳу қадаҳи лола шикаст, Хоки шаб дар даҳани савсани озод гирифт. Оҳ, аз шӯхии чашми ту, ки хунрез фалак, Дид ин шеваи мардумкушию ёд гирифт. Манаму шамъи дили сӯхта, ё Раб, мададе, Ки дигарбора шаб ошуфта шуду бод гирифт. Шеърам аз нолаи ушшоқ ғамангезтар аст, Дод аз он захма, ки дигар раҳи бедод гирифт. Соя, мо куштаи ишқем, ки ин ширинкор, Маслиҳатро мадад аз тешаи Фарҳод гирифт.