Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ХАНДАИ ҒАМОЛУД

Чун бод меравию ба хокам фикандаӣ, Оре, бирав, ки хона зи бунёд кандаӣ. Ҳису ҳунар ба ҳеч зи ишқи биҳиштиам, Шарме наёмадат, ки зи чашмам фикандаӣ? Ашкам давад ба доману чун ашки субҳдам, Маргам ба лаб ниҳода, ғамолуди хандаӣ. Бахт аз манат гирифту дилам ончунон гирист, К-аз дасти кӯдаке бирабоӣ парандае. Бигзаштию зи хирмани дил шуъла сар кашид, Он гаҳ шинохтам, ки ту барқи ҷаҳандаӣ. Бе ӯ чӣ бар ту мегузарад, Соя, эй шигифт, Ҷонат зи даст рафту ту бечора зиндаӣ?