МУРҒИ ПАРИДА
Ҳанӯз чашми муродам рухи ту сер надида,
Ҳаво гирифтию рафтӣ зи каф чу мурғ парида.
Туро ба рӯи замин дидаму шукуфтаму гуфтам:
Ки ин фаришта барои ман аз биҳишт расида.
Биё, ки чашму чароғам ту будӣ аз ҳама олам,
Худойро, ба куҷо рафтӣ, эй фурӯғи ду дида?
Ҳазор бор гузаштӣ ба нозу ҳеч нагуфтӣ,
Ки чунӣ, эй ба сари роҳ интизор кашида?
Чӣ хоҳӣ аз сари ман, эй сиёҳии шаби ҳиҷрон,
Сапед кардӣ чашмам дар интизори сапеда?
Ба дасти кӯтаҳи ман домани ту кай расад, эй гул,
Ки пои хастаи ман умре аз паи ту давида?
Таронаи ғазали дилкашам магар нашунуфтӣ,
Ки роми ман нашудӣ, охир, эй ғизоли рамида?
Хамӯш, Соя, ки шеъри туро дигар написандам,
Ки дӯш гӯши дилам шеъри Шаҳриёр шунида.