Дарё гузарад, чу умр дарё гузарад,
Дарё гузарад, чу умр дарё гузарад,
Ин об дар охир аз сари мо гузарад.
Дар рӯи нони Самарқанд
Ҳар қадар майл дорӣ, савғо гир,
Ҳар қадар майл дорӣ, савғо кун.
З-он якеро гузор дар хона,
Қурси хуршедро тамошо кун.
Дар дастпона
Аз дасти бастае
Дасти шикаста беҳ.
Дар гулбанди корд
Корд кунд аст, ақл агар тез аст.
Дар пештоқи нашриёт
Ҳар чӣ натвон аз забони хеш гуфт,
Метавон гуфт аз забони ину он.
Безабонтар нест аз шоир касе,
Гар нагӯяд шарҳи дарди дигарон.