Мулк сангистону мо бесангарем,
Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем.
Пунбадаргӯшем мову раҳбарон,
Чунки мо халқони пунбапарварем.
Фахри мо бошад сари Боми Ҷаҳон,
Хок бар сармон, ки бебому дарем.
Дар ҷаҳон бошад батарҳоле фузун,
З-он батарҳо чанду чандон бадтарем.
Соҳиби сарчашмаему ташнаем,
Соҳиби ганҷинаему абтарем!
Кони фарҳангему ҳангемон намонд,
Фахри таърихему бепову сарем.
Кова куву кӯраи оҳангариш?
Монда муште нимаҷон сӯзангарем.
Дигаре гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
Дигарон бар ғосибон зӯроваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯроварем.
Дар Душанбе – шаҳри бедарвозае
Дар миёни акбарон мо асғарем.
Матни он батни ҳама олудагист,
Пойтахти тоҷикон чун бишмарем?
Дӯстии халқҳо! Нозам туро!
Мизбонему зи меҳмон кеҳтарем.
Дар маҳалбозӣ масал гардидаем,
Гарчи пайванди каёнӣ гавҳарем.
Аз чунин иллат бимирем оқибат,
Ки ту аз Фархору мо аз Фалғарем...
Кас напурсад то куҷо парвози ақл?
«Аз куҷоӣ?» – гуфта аз ҷо мепарем.
Бонувон чодар зи сар афкандаанд,
Лек дар фарҳанг зери чодарем!
Ғозии ҳар ғози пунба будаем,
Пунба шоҳу камтаринаш чокарем.
Раҳ наҷуста то дили халқи диёр,
То дили Масков сад раҳ раҳ барем.
Нур не дар хонаи дилҳои халқ,
Гарчи мо як кишвари нурофарем.