Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Кош бинам шӯриши дилдодагиҳои туро,

Кош бинам шӯриши дилдодагиҳои туро, Бо мани озодадил озодагиҳои туро. Кош бинам дар миёни ин ҳама печидагӣ Мисли шеъри содаи худ содагиҳои туро. Кош тақдири дилам ёбам на тасхири дилам, Омаданҳои туро, омодагиҳои туро. Ман ки ошиқбораам, бодо, ки бинам рӯ ба рӯ Аз хумори ишқ ошиқборагиҳои туро. То дилам дар кӯи ту муҳтоҷу зор афтодааст Ман набинам кош рӯҳафтодагиҳои туро.
Кош бинам шӯриши дилдодагиҳои туро, | Шоирон