Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бехудоиву худо мегӯӣ,

Бехудоиву худо мегӯӣ, Ояти дафъи бало мегӯӣ. Пеши пирон бинишинӣ ҳар гоҳ, Даҳшати рӯзи ҷазо мегӯӣ. Сари минбар чу бароӣ ҳар бор, Сухан аз фатҳи само мегӯӣ. Базми русҳо чу равӣ меҳмонӣ, Лофи ҳамхунии мо мегӯӣ. Тӯи узбак биравӣ хонсолор, Узбакӣ ҳарфу ҳиҷо мегӯӣ. Сари гӯре биравӣ баҳри тавоф, Фотиҳа хонда, дуо мегӯӣ.