Шабат хуш, эй гули ман, бо умеди рӯзҳои хуш,
Шабат хуш, эй гули ман, бо умеди рӯзҳои хуш,
Ба уммеди тапишҳои хушу сӯзу навои хуш.
Умеди норасои ман расад бар торами гардун,
Туро ҳар субҳ агар бинам ба он қадди расои хуш.
Саҳар чун боз оӣ аз канори чашмаҳои пок,
Дилам равшан шавад он сон, ки аз обу ҳавои хуш.
Гули рӯи туро бинам, дилам гул мекунад
филҳол,
Ту ин сон тозаву тар бош бо нозу адои хуш.
Зи самти матлаи хуршед чун оӣ ба сӯи ман,
Бигирам фоли бахти хеш аз ин ибтидои хуш.
Ман аз ин бахти хоболуди худ бисёр дилгирам,
Ту бедораш тавонӣ кард рӯзе бо садои хуш.