Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода,

Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода, Гиреҳҳои диламро баҳри ту бикшода-бикшода. Гиреҳ мебандӣ абрӯро, ки дар корам гиреҳ афтад, Зи кӯят меравам бо бори ғам афтода-афтода. Чу оям бар дарат, аз қаҳр бебаргу барам созӣ, Равӣ чун сарви озод аз барам озода-озода. Ғазал гуфтам барои ту, дағал гуфтию бигзаштӣ, Ба ман додӣ ғазалҳои маро нодода-нодода. Тамоми умр масти бода будам, эй хушо як бор Шудам масти ду чашми масти ту бебода, бебода. Вале ту меравӣ, эй содарӯ, мағрури ҳусни худ, – Ба ними роҳ мемонам мани сода, мани сода...