Дар роҳҳои зиндагӣ оҳиста рав, пайваста рав,
Дар роҳҳои зиндагӣ оҳиста рав, пайваста рав,
Бишкан ҳазорон садди роҳ,
аммо диле нашкаста рав.
Аз розҳои касмадон хоҳӣ, ки бикшоӣ тилисм,
Бо дилбари соҳибдиле дил баста рав,
дил баста рав.
Хоҳӣ, ки чун гулдастае бошӣ ба рӯи дастҳо,
Бар пешвози дӯстон аз бӯстон вораста рав.
Донӣ, ки мефаҳмад туро, донӣ, ки
мехоҳад туро
Дар хотири ақли хирад чун мисраи
барҷаста рав.
Гоҳе ҳавои ту баланд, гоҳе сафои ту баланд,
Шоистагӣ хоҳӣ агар, шоиста рав, шоиста рав.
То аз ҳама донотарӣ ё аз ҳама болотарӣ,
Аммо ба ҳар ҷо, ки равӣ, дониста рав,
дониста рав...