Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Баччагӣ рафтасту бӯяш мондааст,

Баччагӣ рафтасту бӯяш мондааст, Дар дилу ҷон орзуяш мондааст. Ошиқӣ рафтаст чун айёми гул, Дар забонҳо гуфтугӯяш мондааст. Рӯ ба рӯ будем бо ёре, ки рафт, Дар назар гармии рӯяш мондааст. Умр бигзаштаст андар ҷустуҷӯ, Чанд рӯзи бозҷӯяш мондааст. Қолаби тан холӣ аз шӯру ҷунун, Об хушкидасту ҷӯяш мондааст.