Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

БАЛЛАДАИ ОФТОБИ НОРАК

Зар аз сандуқи кӯҳ омад ба берун, Раҳо шуд офтоб аз чоҳи Зиндон. Зи кӯҳи Нор банди Нур во шуд – Рамузи роҳи нуронии даврон. Шарарҳо барҷаҳида чун гули санг Ба анҷум нур доданд аз Пули Санг. Замоне роҳи шодӣ буд ин пул, Кунун бар норакиҳо шуд пули нанг. Агар дунёи Нуристони Норак Гирифта нусха аз дунёи дилҳо. Ҳам аз дарёи Вахш ояд ба таҳрик, Бувад гардон ҳам аз дарёи дилҳо. Дар ин ҷо садшикан армон шикаста, Дар ин ҷо кӯҳкан ҷон канда бисёр. Дар ин ҷо ному нанге коргар буд, На як-ду коҳили беору беёр. Агар андар луғат Вахш ибтидо буд, Кунун ӯ мабдаи нур асту эъҷоз. Агар Лоҳутӣ ӯро ваҳшӣ хондаст, Кунун ром аст дар анҷому оғоз. Раҳи нури зи Норак саргирифта Раҳи нури нигоҳи дурбин аст. Пули Сангин, к-аз ӯ ҳоло нишон нест, Гузаргоҳи дили нурофарин аст. Аз он нури дили аҳли замона Равон аст аз диёре бар диёре. Қади сим равшаноие, ки ҷорист, Сазад бар сад ҳазорон байти ҷорӣ. Дар ин ҷо коргар чун марди ҷангӣ Кулаҳ бар сар, камар барбаста бошад. Чу давронсозу даврондори мутлақ Тилисми ганҷҳо бишкаста бошад. Муҳаббат1 бемуҳаббат кай қадам монд Суи овардгаҳ ҳамчун ҳамовард? Набаста пеши роҳи Вахшро варғ, Бубаста синаи чандин Севенард2 .