Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ЯК ПОРА ХОТИРА

Бори аввал дида будам ман варо Дар лаби Варзоб – дар бустонсаро. Нав сафедӣ бар сараш афтода буд, Ё сафедии замири сода буд. Буд ҳам устод Боқӣ дар бараш Бо зарофатҳои ҳамчун шаккараш. Паҳлуи ӯ босалобат менишаст, Махзани андарзу ҳикмат менишаст. Гӯиё ду барзкӯҳ аз кӯҳсор Он яке аз Рашту дигар аз Ҳисор Рӯ ба рӯ биншаста суҳбат доштанд, Суҳбат аз асрори санъат доштанд. Навсазовори мукофоти Ленин Гӯӣ аз Ленин шунида офарин – Шоири панҷоҳсола пеши мо Дар назар чун сарсулола пеши мо Гуфтугӯҳо дошт аз дидорҳо Аз ҷаҳони афсару афсорҳо. Чанд донишҷӯи навмашқи сухан Доштем андар ҳузураш анҷуман. Шоири донандаи рози замон, Шоири ҳамдасти эъҷози замон Қиссаҳо мекард аз пирони шеър, Аз паямбар, аз ҷаҳонгирони шеър, Аз бузургоне, ки фитрат доштанд, Лек на молу на давлат доштанд, Аз бузургоне, ки девон доштанд, Сина пурғам, сурфа бенон доштанд, Аз бузургоне, ки дунё будаанд, Аз ҳама офоқ танҳо будаанд, Аз бузургоне, ки ҷонҳо бохта, Қадрашонро даврашон нашнохта... Оби дарё латма мезад бар канор, Мавҷ мезад, мавҷҳо – занҷирадор. Қуллаҳои песабарф аз рӯ ба рӯ Доштанд аз навбаҳорон гуфтугӯ. Рӯди кӯҳӣ пуршитобу пурхурӯш, Қад-қади раҳ кӯдакони гулфурӯш...