Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ИЛТИҶО АЗ КАМОНМАРДОН

Найзабозӣ андар ин куҳҳои танг Найзабозонро ҳамеорад ба нанг. Мавлавӣ Камонмардон! Камон аз дӯш бигзоред, Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред! Ки аз тири заминиву ҳавоитон Ҳавои зиндагимон нест. Зи барқи тиратон шабҳо Сафои зиндагимон нест. Ҳама тире, ки андар тирдон доред, Ба қалби ман бияндозед, Ба ҷони ман фурӯ резед, Ҳамин як қалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад, Валекин ҷони мардум дар амон бошад. Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест, Фардо Модари тоҷик Ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз. Басо мушфиқ, басе ошиқ, басе содиқтаре аз ман биёрад боз. Камонмардон! Худо дар синаҳотон раҳм андозад, Камон аз дӯш бигзоред, Ба ёди куштагони дӯш бигзоред. Ҳама тиру камон бинҳед, Ба мо тири амон бидҳед. Ҳама тиру камон бинҳед, Ба мо давру замон бидҳед. Камонмардон! Яқин донед, Ки ин тоҷик куштан аз ду ҷониб дар ду дунё қаҳрамонӣ нест, Ки чун ин ҷанги нангини шумо дар ҳеҷ таърихи ҷаҳонӣ нест, Ва аз ин шумтар, аз ин табаҳтар достоне нест. Шумо чун хуни ҳамдигар ҳамерезед, Душман мешавад пирӯз бар мо бесилоҳу ҷанг. Шумо чун тухми ҳамдигар ҳамесӯзед,