Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

МАНУ ТУ

Ҳеҷ донӣ, ки чӣ кардем ба модар ману ту? Ё чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар, ману ту? Саъй кардем ба вайронии кишвар ману ту, Рав, ки уф бар туву ман бошаду туф бар ману ту. Ҳардумон мояи нангем, амон аз ману ту! Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту! Маликушшуаро Баҳор Ману ту ё туву ман? Хуб, чӣ коре кардем? Бо дили халқ чӣ сон гуфтугузоре кардем? Чӣ навӣ дар бари ин кӯҳнадиёре кардем? Ҳеҷ! Гулзори Ватанро чу мазоре кардем. Баски фарҳанг надорем, амон аз ману ту! Фарраву нанг надорем, амон аз ману ту! Ману ту ҳавсалатангем, амон аз ману ту! Ману ту даббаву дангем, амон аз ману ту! Ману ту гиҷу гарангем, амон аз ману ту! Пур дурӯему дурангем, амон аз ману ту! Ману ту масту малангем, амон аз ману ту! Бандаи нашъаву бангем, амон аз ману ту! Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй чу сангар кардем, Мулки ғоратзадаро ғорати дигар кардем. Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем, Хари худро биситудему паямбар кардем. Баски мо худ хари лангем, амон аз ману ту! Ҷумлагӣ вақфи дирангем, амон аз ману ту! Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй туфанг овардем, Баҳри саркӯбии ҳам оҳану санг овардем, Халқи ғафлатзадаро сахт ба танг овардем, Аз сари роҳ варо бар сари ҷанг овардем. Чун ба ҳукми дигаронем, амон аз ману ту! Душману дӯст надонем, амон аз ману ту! Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем, Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем, Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем, Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем. Баски бегонапарастем, амон аз ману ту! Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!