Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

АЛОРАҒМИ МАҲАЛГАРОЁН

Агар аз Балх ё аз Қандаҳорем, Ҳама парвардаи як кӯҳсорем. Дар ин дарёи нопайдоканора Ба як киштии тӯфонӣ саворем. Толиби Қандаҳорӣ I Гоҳ-гоҳе маҳалгароёне «Аз куҷоӣ?» – суол меоранд. Бо суоли маҳалгароишон Баҳри миллат завол меоранд. Ҳунарат чист? Эътиношон нест, Оҳ, оҳ аз чунин маҳалбозон! Самарат чист? Кас намепурсад, Дод, дод аз чунин дағалбозон! Эҳтиёҷаш ба сангдилҳо нест Миллати сангиродаи моро. Эҳтиёҷаш ба сангҷонҳоест Миллати сангзодаи моро. Ҷои обод нест дар миллат, «Аз куҷоӣ?» – суоли вайронист! «Аз куҷоӣ?» – касе, ки мепурсад Бори миллат ба дӯш вайро нест! Хоби шабҳои ман ҳаром шуда, То ки миллат ҳалолтар бошад. Мепазирам заволи ҷони хеш, Миллатам безаволтар бошад. «Аз куҷоӣ?» – суоли миллаткуш, Аз чӣ дардӣ, туро чӣ ойин аст? Баҳри миллат чу сарсупурдаи ӯ То куҷо меравӣ? Суол ин аст! II Фарқ набвад аз ҷанубӣ ё шимол, Фарқ бошад ту ҳаромӣ ё ҳалол. Фарқ набвад аз шимолӣ ё ҷануб, Фарқ он бошад, ки зиштӣ ё ки хуб. Миллати мо миллати яклахт нест, З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест. То ғамони хешро ғамхора нест,