ХАЙЁМ ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС
Олимони Амрико ва Фаронса сафинаи
мусофиркаши амрикоӣ «Титаник»-ро,
ки зимни сафари нахустинаш дар Ат-
лантикаи Шимолӣ ғарқ шуда буд, аз
қаъри чаҳорҳазорметраи уқёнус пайдо
карданд. Миёни сандуқҳои пур аз
ҷавоҳироти киштӣ дар як сандуқи
фӯлодӣ тарҷумаи «Рубоиёт»-и Умари
Хайём низ будааст...
Сафина ғарқи дарё шуд.
Даруни он сафина як сафина –
Рубоиёти шӯрангези Хайёми суханвар буд –
Сафина дар сафина ғарқи дарё шуд.
Рубоиёти дунёгир дарёгир шуд, зеро
Дили Хайём андар синаи дарё
Тапидан дошт бо амвоҷи афкораш,
Тапидан дошт бо амвоҷи асрораш.
Чу ҳамзоданд аз рӯзи бино баҳру дили шоир,
Дили дарёи шоир
Ҳамнаво шуд бо дили дарё.
Ду дарё гӯиё андар канори ҳамдигар буданд
Яке дарёи маъниҳо,
Яке дарёи обиҳо.
Вале дарёи маъниҳо
Фурӯтар буд аз дарёи обиҳо...
Нахустин бор дар арзи вуҷуди хеш
Рубоихон шуд уқёнус.
Рубоӣ хонду тӯфон кард,
Рубоӣ хонду туғён кард,
Зи бас андар ниҳоди ҳар рубоӣ шӯру исён аст,
Зи бас андар бисоти ҳар рубоӣ шӯри инсон аст.
Миёни ганҷҳои бешумора,
Дар ин дарёи нопайдоканора
Беҳ аз сад махзани симу зару сад хирмани
гавҳар
Рубоиёти оламгири Хайём,
Ҳама фитрат,
Ҳама тадбири Хайём