Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ГИРЯИ ХОҲАР БАР МАРГИ ДОДАРИ АСКАРАШ

Рафтӣ сари дӯшат камон Бо сад хаёлу сад гумон. Баргашт модар аз гусел Аз марзи Афғон бо фиғон. Дар хонаи чашми падар Монд охирин дидори ту. Дар чашми модар хона кард Симои кӯдаквори ту. Рафтӣ, нигоҳат сӯяшон Лаб зери дандон гиҷу мот, Аз он тараф бӯи аҷал Аз ин тараф бӯи ҳаёт... Рафтӣ, ба каф ҷони ҷавон, Он сӯи Ому – сангарат. Рафтӣ, ки бошад пуштбон Ин сӯи Ому кишварат. Рафтӣ, ки оӣ қаҳрамон, Бар қасди хашми душманон, Рафтӣ ҷавон, аммо чӣ сон Баргаштӣ сӯи хонадон? гуфта будам. – Л.Ш. Сандуқи сина ғарқи хун, Дар сандуқ омад пайкарат. Сандуқи ту дарбаста буд Монанди чашмони сарат. Нашнида бӯе ҳам зи ишқ, Ногаҳ шунидӣ бӯи хун. Аз чашми модар ҷорӣ шуд, Дарёи ашку ҷӯи хун. Бо тири душман дар ҷигар Баргаштӣ, эй ҷону ҷигар. Чӯкида чун гӯри куҳан Чашмони гирёни падар... Мардона рафтӣ сӯи хасм, Аз сангар, эй марди ҷавон. Оини марди мардро Ҷон додию кардӣ ҷавон. Беном рафтӣ безамон