КӮРХАТ
Кӯрхат1
бинвис, ало мавлои Вақт,
ки басо гумкардаҳо дорам ба маҷрои замона,
ки басо гумкардаҳо дорам ба ину он баҳона,
дар ҷаҳони бекарона
дар талоши рӯзгори ҷовидона.
Дар масири Вақт,
дар масири гардиши Таърих
эй басо гумкардаҳо дорам,
ки рафта бенишону бенишона;
ки алорағми дубинҳо дурбин буданд, аммо
ман надонам дуртар рафтанд ё на...
дани он нависанд.
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт.
Кӯрхат бинвис,
ки ман бе буди онҳо кӯр хоҳам шуд.
Гар ман онҳоро биёбам,
мешавам бар хеш наздик,
гар наёбам,
аз худу аз зиндагонӣ дур хоҳам шуд;
гар наёбам,
мисли онҳо низ андар гӯр хоҳам шуд.
Кӯрхат бинвис,
ки ёбам ганҷҳои мурдаро,
шаҳрҳои душманон аз пеши чашмам бурдаро,
ҳам китоби ғарқи дарё гаштаро,
илму фарҳанги адувон куштаро,
шоиру шеъри ба хун оғуштаро...
Кӯрхат бинвис, ки ёбам
як гурӯҳи аз дурангиҳои вақт
дар сароби интихоби асли худ раҳгумзада,
асли худро ройгон бифрӯхта,
ҷои фахру нанги миллат
ҷои зарҳалкории фарҳанги миллат
симу зар андӯхта,
дар шарори оташи зар зоти худро сӯхта,
оқибат андар гуми гумномиҳо саргаштаро...
Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт,