Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

НОМАИ МАНЗУМ БА ЯК ХОНУМ

Шояд ин мактуб озорат диҳад, Хонию з-он пас маро нафрин кунӣ. Шояд андар хилвате бар ҳоли ман Дар дилат як хандаи ширин кунӣ. Худ ба худ гӯӣ миёни хандаҳо «Дӯзахӣ боғи биҳиштӣ хостаст. Ҷои афсӯс аст, аммо чора чист Шоири шӯрида ақлаш костаст...» Ҳар чӣ ҳам гӯӣ, бигӯ, аммо бидон, Ошиқи босабру тамкини туам. Бо хутути дарҳами чини ҷабин Ошиқи гесӯи пурчини туам. Умри дил андар ҳавасбозӣ гузашт, Осафо, чандин замон бар об рафт, Лаҳзае умрам гар аз ман розӣ буд, Боқияш ноҷӯр ё дар хоб рафт. Дар гузаргоҳи шитоби зиндагӣ Ғайри чанд абёт аз ман ёд нест. Ин замон ҳар гаҳ равам пеши пизишк Дар дилам як гӯшаи обод нест. Бо чунин дил, бо чунин ҳоли хароб Боз ҳам мегирам аз домони ишқ. Гарчи сад раҳ бесарусомон шудам, Ҷуста даргоҳи сарусомони ишқ. Ин масал бошад, ки ҳар посӯхта Хешро бар мавҷи дарё мезанад. Ин дили ман, ин дили савдозада Боз ҳам худро ба савдо мезанад. Ҳар гаҳе бинад туро ними назар, Оламе дар ӯ тагорӯ мешавад. Гар бубинад ним лабханди туро, Оламе бо ӯ фарорӯ мешавад. Гоҳ-гаҳ аз дур бинад гар туро, Бо хаёлат мешавад наздиктар. Бо хаёли нозуке чун мӯи ту, Балки аз мӯи ту ҳам бориктар. Боз ҳоли дигару фоли дигар, Боз рӯзи дигару сӯзи дигар.