Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ДАР ҶАНГАЛИСТОН

Яке қоматхамида, Дигаре мавзуну хушқомат, Яке дар тан варам дорад, Яке бегурму тансиҳҳат. Яке тоқа, дигар қӯша, Яке танҳо, дигар ҷуфт аст. Яке мағруру озода, Дигар бемояву зуфт аст. Яке аз дур бинмояд басо солору босавлат, Ба мисли одамони хомфарбеҳ зӯру боҳайбат, Валекин чун зи наздикаш бубинӣ хуб санҷида – Дарун ковоку пӯсида... Яке чун беҳунар ҷӯяд ҳамеша муттакои хеш, Ниҳад бар гардани ёрон ҳама бори гуноҳи хеш, Зи ҳамнавъон чӣ ӯро эътибор аст? Чаро бар гардани онон савор аст? Бубинӣ калдарахтеро, Ки на шоху на баргаш ҳаст. Валекин бо ҳама афсурдаҳолӣ На бок аз ҳукми маргаш ҳаст. Зи бехи кундаҳои пудае Таҳҷастҳо руста Ту гӯӣ бар мазори модари худ зор мегирянд, Зи ашки модару Аз ашки чашми хеш месабзанд пайваста. Бубинӣ навдарахтеро, Ки дар тан захмҳои ишқ дорад: Ду ошиқ омада рӯзе ба зери чатри шохи ӯ, Нишаста уқдаи дилро кушуданд. Басо аз ишқу паймону вафодорӣ Ба ҳам афсона гуфтанду шунуданд. Кашида дар тани ӯ сурати дилро, Ба теғи тез канда номи худ А ҷамъи Б1 Аз ёдгори ошиқишон розӣ рафтанд. ... Ҳанӯз аз ҷои захми номи онҳо мечакад зардоб, Ту гӯӣ ҳамчу ашки номуродӣ мечакад бар хок. Куҷо рафтанд он ду ошиқи бебок?