Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зиндагӣ як бор бар чанги ман афтоду раҳо шуд,

Зиндагӣ як бор бар чанги ман афтоду раҳо шуд, Пас намедонам куҷо шуд. Дилбаре як бор бо ман ошиқӣ карду ҷудо шуд, Пас намедонам куҷо шуд. Як худо бо ман худоӣ карду охир бехудо шуд, Пас намедонам куҷо шуд. Як замон бо ман насиб афтоду чун тири хато шуд, Пас намедонам куҷо шуд. Ишқ чун пайки бақо омад, вале пайки фано шуд, Пас намедонам куҷо шуд. Лоиқ андар шоирӣ бо ошиқӣ то ҳамнаво шуд, Пас намедонам куҷо шуд...