Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

БОНГИ ОЖИР

(Бар асари рӯйдодҳои Чили) Эй шумо бозичаҳои симу зар, Эй ҳавасбозони савдои худӣ, Бо чӣ миқдоре зи дунёи ҳама То кунун ҷӯед дунёи худӣ!? Эй гунаҳкорони дӯзахошён, Одамизод аз шумо безор шуд. Дошт вақте қадр агар тиру камон, Пеши тадбири бузургон хор шуд. То ба кай, эй кӯрботинҳои данг, Гар надорад тоби савте гӯшатон, Гар надорад тоби оҳанги малеҳ Завқи кӯру гӯши карри ҳушатон, Аҳли санъатро ба куштор оваред, Панҷаи марди гиториро буред?! Эй шумо нохондагони бенишон, Интиқоми номусовӣ ёфтед: Кушта натвонед санъатро агар, Соҳибашро мекушед. Рӯҳро осон чу натвонед кушт, Қолибашро мекушед. Шеърро осон чу натвонед кушт, Шоирашро мекушед... Эй шумо ноогаҳони фикру ҳис, Ҳеҷ шоир, ҳеҷ бихрад, ҳеҷ санъаткори даҳр Ҳеҷ н-омухтаст дарси зиштию номардумӣ. Баски ӯ тоҷи закову фитрат аст, Хоҳад ӯ то бо ғами кулли ҷаҳон ҳамғам шавед, Аз дадӣ парҳез созеду чу ӯ одам шавед... Қаҳ! Қаҳ! Эй навбарбарон! Охир онон, ки шумо куштед бо тиру камон Пештар аз маргашон Ваҳ чи миқдоре шуморо куштаанд... Бо навои дурпарвози гитор, Бо силоҳи шеърҳои заҳрдор, Бо синони ақлу бо теғи забон, Бо суханҳои бад аз гурзи гарон Бас шуморо бемуросо куштаанд...