Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ҶУФТИ ҲАМБОЛ

Ману ту ҳар ду монандем – Ту ҳам тифли баҳорониву ман ҳам, Ту ҳам фарзанди борониву ман ҳам. Ҳамегӯянд, андар зодрӯзи мо Чу пайки бахти мо бодом гул мекард. Дар он рӯзе, ки моро зода буданд Ба зери гунбади як осмон, аммо Ду боми дур аз ҳам чанд фарсахҳо, Ки медонист рӯзе, соате, дар манзиле Зери навои резиши борон Ману ту рӯ ба рӯ оем чун ёрони ҳампаймон... Чи асроре! Туро гӯё ба чашми дил, Ба чашми орзуҳои наҷиби худ Ба ин шӯру ҷунуну хуни гарму ношикеби худ Басо сол аст некӯ мешиносам, Чи ногаҳ омадӣ дар рӯзгори ман, Ту, эй пайки баҳори ман! Туро чун бахшиши ранҷу такопӯ мешиносам. Ту ногаҳ омадӣ, аммо Чи огаҳ омадӣ аз буду нобудам. Туро бо гармҷӯшиҳои мастона, Туро бо лоуболиҳои риндона, Туро бо беқарориҳои бесомон, Туро бо дилшикориҳои бедармон Кунун дар рӯ ба рӯи хеш якрӯ мешиносам. Кунун ман мехурам бо ту ғами нохурдаи худро. Кунун ман аз ту меҷӯям ҳама гумкардаи худро. Ту ҳар ҷое, ки бе ман бошӣ, бо ман бош Ки ман ҳам ҳар куҷое бе ту бошам, бо ту хоҳам буд... Ту медонӣ, Басо ёрон, ки дар як хона ноёранд, Чи маҳҷурон, ки бо ҳам ёру дилдоранд. Басо ҷуфте, ки дар як хона танҳоянд, Басо танҳо, ки аз ҳам дуру якҷоянд... Ману ту ҷуфти ҳамдардему ҳамдил, Ману ту ҷуфти ҳампарвозу ҳамбол –