ДИЛ
«Агар ҷаҳон битаркад, тарқишҳои он
аввалқадам аз дили шоир мегузаранд».
Ҳ.Ҳейне
Аз муҳаббат то маломат,
Аз садоқат то хиёнат,
Аз замин то осмон,
Аз осмон то ресмон,
Дар сари як мӯй кардӣ дорбозӣ
Аз барои корсозӣ.
Шишаӣ ту, лек бо амри зарурат
Шишаи ту сангу сандонро шикаст.
Андаруни синаӣ, монанди мушт,
Мушти ту сад қуфли зиндонро шикаст,
Тори ту бигсехт ҳар ҷое таноби дорро,
Меҳри ту позаҳр шуд ҳар гоҳ заҳри морро.
Баҳри марди корзорӣ дар даме,
к-ӯ буд танҳо дар набард,
Будаӣ як охирин тир, охирин гурзу сипар.
Будаӣ андар раҳи бахтозмоиву мурод
Охирин раҳвор бар марди сафар.
Бар биёбонгарди сармохурдае
Будаӣ чахмоқсанг.
Будаӣ ҳам довари якрӯй ту
Дар раҳи номусу нанг.
Баҳри безурёти беворис ба даҳр
Будӣ фарзанди нахуст.
Баҳри ҳар ҷӯяндаи раҳгумзада
Будаӣ роҳи дуруст.
Соли қаҳтӣ баҳри деҳқон охирин дон будаӣ,
Бенавою гушнагонро охирин нон будаӣ.
Дар замони хушксолӣ бар замин
Охирин як панҷа борон будаӣ.
Ҳар куҷое, ки замин таркид, таркидӣ ту ҳам.
Ҳар куҷое, ки замин ларзид, ларзидӣ ту ҳам.
Бо замини пурсукути серташвиш
Рӯзу шаб гирди сари хуршед чархидӣ ту ҳам.
Даргирифтӣ, ҳар куҷое хонае гар даргирифт,
«Ҳайфи рӯи беғуборат, чанги хокистар гирифт».