Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Хонаҳои баланду шаҳроро,

Хонаҳои баланду шаҳроро, Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт... Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо Ошиқию ҷавониям бигзашт. Ҳар ғурубе нигори атласпӯш, Як гул аз боғи хеш меовард. То дили шаб нишаста пеши ман, Ба табу тоб дарди дил мекард. Ноаён мегурехт аз хона, То ба он ваъдагоҳи ҳаррӯза. Модари пири бемадораш буд, Интизораш ба назди дарвоза. Дошта кокулони маҷнунбед, Бо адояш маро адо мекард. Милаашро ба гарданам мебаст, Аз сари ноз пас раҳо мекард. Дастҳояш чу ширмоҳӣ буд, Соқҳои базебу симин дошт. Абруи сабзу мӯи хурмоӣ, Хандаҳои банозу ширин дошт. Ҳар ғуруб офтоб чун мерафт, Ӯ тулӯи умедҳоям буд. К-ӯ ба ҳусни расою беҷурмаш, Гӯиё толеи расоям буд. Як ғурубе наёмад ӯ дигар, Гӯиё рафт ҳамраҳи хуршед. Солҳо интизори ӯ будам Дар сари чорроҳаи уммед. Пас шунидам ба ҳукми тақдираш, Хона кардасту хонаобод аст. Лек бар ёдгори он айём, Номи манро ба кӯдакаш додаст.