Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Меравӣ?

Меравӣ? Не, не марав асло зи паҳлӯям, нигор, Бе ту олам танг мисли чашми сӯзан мешавад. Ист як дам, то бубинам бо ту дар субҳи мурод Бо чӣ сурат рӯз, рӯзи бахт равшан мешавад. Ист ҳоло, то бигӯям як ба як рози дилам Варна ин сӯзи ниҳонӣ қотили ман мешавад. Оҳ, осон нест гуфтан, ҳарчи ҳаст андар дилам, Ишқро, охир, чи сон бо ҳарф гуфтан мешавад?