Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Соқиё, паймона пур кун з-он ки соҳибмаҷлисат

Қитъаи шумораи 26 Соқиё, паймона пур кун з-он ки соҳибмаҷлисат Орзу мебахшаду асрор медорад нигоҳ. Ҷаннати нақд аст ин ҷо, айшу ишрат тоза кун, З-он ки дар ҷаннат Худо бар банда нанвисад гуноҳ. Дӯстдорон дӯсткоманду ҳарифон боадаб, Пешкорон некному сафнишинон некхоҳ. Сози чанг-оҳанги ишрат, саҳни маҷлис-ҷойи рақс, Холи ҷонон-донаи дил, зулфи соқӣ-доми роҳ. Давр аз ин беҳтар набошад, соқиё, ишрат гузин! Ҳол аз ин хуштар набошад, Ҳофизо, соғар бихоҳ!
Соқиё, паймона пур кун з-он ки соҳибмаҷлисат | Шоирон