Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Аз хуни дил навиштам наздики ёр нома

Аз хуни дил навиштам наздики ёр нома, Иннӣ раайту даҳран мин ҳаҷрика-л-қиёма. Дорам ман аз фироқаш дар дида сад аломат, Лайсат думуъу айнӣ ҳозо лана-л-алома. Ҳарчанд, к-озмудам, аз вай набуд судам, «Ман ҷарраба-л-муҷарраб,халлат биҳи-н-надома. Пурсидам аз табибе аҳволи дӯст, гуфто: Фӣ буъдиҳо азобун, фӣ қурбиҳо салома. Гуфтам: Маломат ояд, гар гирди дӯст гардам, Валлоҳу мо раайно ҳуббан било малома. Ҳофиз чу толиб омад ҷоме ба ҷони ширин, Ҳатто язуқу минҳо каъсан мина-л-карома.