Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ

Гар теғ борад дар кӯйи он моҳ, Гардан ниҳодем, ал-ҳукму лиллоҳ. Ойини тақво мо низ донем, Лекин чӣ чора бо бахти гумроҳ? Мо шайху воиз камтар шиносем, Ё ҷоми бода, ё қисса кӯтоҳ! Ман ринду ошиқ в-он гоҳ тавба?! Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ! Меҳру ту аксе бар мо наафканд, Ойинарӯё, оҳ аз дилат, оҳ! Ас-сабру муррун ва-л-умру фонин, Ё лайла шеърӣ ҳаттома алқоҳ. Ҳофиз, чӣ нолӣ, гар васл хоҳӣ, Хун боядат хурд дар гоҳу бегоҳ.