Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман

Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман В-ар бигӯям дил бигардон, рӯ бигардонад зи ман, Рӯйи рангинро ба ҳар кас менамояд ҳамчу гул В-ар бигӯям бозпӯшон, бозпӯшонад зи ман, Чашми худро, гуфтам: Охир, як назар сераш бибин, Гуфт: «Мехоҳӣ магар, то ҷӯйи хун ронад зи ман?» Ӯ ба хунам ташнаву ман бар лабаш, то чун шавад, Ком бистонам аз ӯ ё дод бистонад зи ман! Гар чу Фарҳодам ба талхӣ ҷон барояд, бок нест, Бас ҳикоятҳои ширин бозмемонад зи ман. Гар чу шаъмаш пеш мирам, дар ғамам хандад чу субҳ В-ар биранҷам, хотири нозук биранҷонад зи ман, Дӯстон, ҷон додаам баҳри даҳонаш, бингаред, К-ӯ ба чизе мухтасар чун бозмемонад зи ман? Сабр кун, Ҳофиз, ки гар з-ин даст бошад дарси ғам, Ишқ дар ҳар гӯшае афсонае хонад зи ман.