Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома дар тан

Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома дар тан Кунам чок аз гиребон то ба доман. Танатро дида гул гӯё, ки дар боғ Чу мастон ҷомаро бидрид бар тан. Ман аз дасти ғамат мушкил барам ҷон, Вале дилро ту осон бурдӣ аз ман. Ба қавли душманон баргаштӣ аз дӯст, Нагардад ҳеч кас бо дӯст душман. Танат дар ҷома чун дар ҷоми бода, Дилат дар сина чун дар сим оҳан. Биёр, эй шамъ, ашк аз чашми хунин, Ки сӯзи дил шавад бар халқ равшан. Макун, к-аз синаам оҳи ҷигарсӯз Барояд ҳамчу дуд аз роҳи равзан. Диламро машкану дар по маяндоз, Ки дорад дар сари зулфи ту маскан. Чу дил дар зулфи ту бастаст Ҳофиз, Бад-ин сон кори ӯ дар по маяфкан.