Ҷавзо саҳар ниҳод ҳамоил баробарам
Ҷавзо саҳар ниҳод ҳамоил баробарам,
Яъне, ғуломи шоҳаму савганд мех(в)арам.
Соқӣ, биё, ки аз мадади бахти корсоз
Коме, ки хостам зи Худо, шуд муяссарам.
Ҷоме бидеҳ, ки боз ба шодии рӯи шоҳ
Пиронасар ҳавои ҷавонист дар сарам.
Роҳам мазан ба васфи зулоли Хизир, ки ман
Аз ҷоми шоҳ ҷуръакаши ҳавзи Кавсарам.
Шоҳо, агар ба арш расонам сарири фазл,
Мамлуки ин ҷанобаму мискини ин дарам.
Ман ҷуръанӯши базми ту будам ҳазор сол,
Кай тарки обхӯрд кунад табъи хӯгарам?
В-ар боварат намекунад аз банда ин ҳадис,
Аз гуфтаи Камол далеле биёварам:
«Гар барканам дил аз туву бародарам аз ту меҳр,
Он меҳр бар кӣ афганам, он дил куҷо барам?»
Мансур бин Музаффари ғозист ҳирзи ман
В-аз ин ҳуҷастаном бар аъдо музаффарам.
Аҳди аласти ман ҳама бо ишқи шоҳ буд,
В-аз шоҳроҳи умр бад-ин аҳд бигзарам.
Гардун чу кард назми Сурайё ба номи шоҳ,
Ман назми дур чаро накунам? Аз кӣ камтарам?
Шоҳинсифат чу туъма чашидам зи дасти шоҳ,
Кай бошад илтифот ба сайди кабутарам?
Эй шоҳи шергир, чӣ кам гардад, ар шавад
Дар сояи ту мулки фароғат муяссарам?