Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил

Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил, Ҳар к-ӯ шунид, гуфто: «Лиллоҳи дурру қоил». Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал, Охир бисӯхт ҷонам дар касби ин фазоил. Ҳаллоҷ бар сари дор ин нукта хуш сарояд: «Аз шофеӣ напурсанд амсоли ин масоил». Гуфтам, ки «Кай бибахшӣ бар ҷони нотавонам?» Гуфт: «Он замон ки набвад ҷон дар миёна ҳоил». Дил додаам ба ёре, шӯхе, каше, нигоре, Марзиятуссаҷоё, маҳмудатулхасоил. Дар айни гӯшагирӣ будам чу чашми мастат В-акнун шудам ба мастон чун абруи ту моил. Аз оби дида сад раҳ тӯфони Нӯҳ дидам В-аз лавҳи сина нақшат ҳаргиз нагашт зоил. Эй дӯст, дасти Ҳофиз таъвизи чашмзахм аст, Ё Раб, бибинам онро дар гарданат ҳамоил!