Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Дӯш бо ман гуфт пинҳон кордоне тезҳуш

Дӯш бо ман гуфт пинҳон кордоне тезҳуш В-аз шумо пинҳон нашояд кард сирри майфурӯш. Гуфт: Осон гир бар худ корҳо, к-аз рӯйи табъ Сахт мегирад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш. В-он гаҳам дардод ҷоме, к-аз фурӯғаш бар фалак Зуҳра бар рақс омаду барбатзанон мегуфт: Нӯш! Бо дили хунин лаби хандон биёвар ҳамчу ҷом, Не, гарат захме расад, ойӣ чу чанг андар хурӯш. То нагардӣ ошно, з-ин парда рамзе нашнавӣ, Гӯши номаҳрам набошад ҷойи пайғоми Суруш. Гӯш кун панд, эй писар в-аз баҳри дунё ғам махур, Гуфтамат чун дур ҳадисе, гар тавонӣ дошт гӯш. Дар ҳарими ишқ натвон зад дам аз гуфтушунид, З-он ки он ҷо ҷумла аъзо чашм бояд буду гӯш. Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ шарт нест, Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш. Соқиё, май деҳ, ки риндиҳои Ҳофиз фаҳм кард Осафи соҳибқирони ҷурмбахши айбпӯш.