Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ш
Шоири номаълум

Наврӯз

Омад баҳори зебо, Пурлола дашту саҳро. Меҳмон гашта имрӯз Наврӯзи оламоро. Наврӯзи нав хуш омад, Ин рӯзи нав хуш омад. Дар шохсори ҳар гул Хонад тарона булбул. Дил аз фараҳ ба ҷӯш аст, Бишнида савти булбул. Наврӯзи нав хуш омад, Ин рӯзи нав хуш омад. Овози обшорон, Бо савти ҷӯйборон Дил мепарад ба гардун Аз накҳати баҳорон. Наврӯзи нав хуш омад, Инрӯзи нав хуш омад. Сӣ малак дар хурӯш аст, Дар дегҳо ба ҷӯш аст. Овози шеърхонон Ҳар лаҳзае ба гӯш аст. Наврӯзи нав хуш омад, Ин рӯзи нав хуш омад . Шукрона, ҷону танро, Ин боғу ин чаманро. Дорем Ӯзбекистон Ин беҳтарин ватанро. Наврӯзи нав хуш омад,