Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад, Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад. Бо ҳеч кас нишоне з-он дилситон надидам, Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад. Ҳар шабнаме дар ин раҳ сад баҳри оташин аст, Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад. Сарманзили фароғат натвон зи даст додан, Эй сорвон, фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад. Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат, Бишнав, ки панди пирон ҳечат зиён надорад. Эй дил, тариқи риндӣ аз муҳтасиб биёмӯз, Маст асту дар ҳақи ӯ кас ин гумон надорад. Аҳволи ганҷи Қорун, к-айём дод бар бод, Дар гӯши дил фурӯ хон, то зар ниҳон надорад. Гар худ рақиб шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон, К-он шӯхи сарбурида банди забон надорад. Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз, Зеро ки чун ту шоҳе кас дар ҷаҳон надорад.