Ҷавоне покбозу покрав буд
Ҷавоне покбозу покрав буд,
Ки бо покизарӯе дар кирав буд.
Чунин хондам, ки дар дарёи Аъзам,
Ба гирдобе даруфтоданд бо ҳам.
Чу маллоҳ омадаш, то даст гирад,
Мабодо, к-андар он ҳолат бимирад.
Ҳамегуфт аз миёни мавҷу ташвир:
«Маро бигзору дасти ёри ман гир!».
Дар ин гуфтан ҷаҳон бар вай барошуфт,
Шунидандаш, ки ҷон медоду мегуфт:
«Ҳадиси ишқ аз он баттол манйуш,
Ки дар сахтӣ кунад ёрӣ фаромуш!»
Чунин карданд ёрон зиндагонӣ,
Зи коруфтода бишнав, то бидонӣ.
Ки Саъдӣ роҳу расми ишқбозӣ
Чунон донад, ки дар Бағдод тозӣ!
Дилороме, ки дорӣ дил бар ӯ банд,
Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд!
Агар Маҷнуни Лайлӣ зинда гаштӣ,
Ҳадиси ишқ аз ин дафтар набиштӣ!