Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Имрӯз чунонӣ, эй парирӯй

Имрӯз чунонӣ, эй парирӯй, К-аз моҳ ба ҳусн мебарӣ гӯй. Меоию дар паи ту ушшоқ, Девона шуда давон ба ҳар сӯй. Инак ману зангиёни кофар, В-он малъаби луъбатони ҷодуй. Оварда зи ғамза сеҳр дар чашм, Дар дода зи фитна тоб дар мӯй. В-аз баҳри шикори дил ниҳода Тири мижа дар камони абрӯй. Нархи гулу гулшакар шикаста З-он чеҳраи хубу лаъли дилҷӯй. Чокар шуда шоҳи ахтаронат, Шери фалакат шуда саги кӯй. Бар боми сарочаи ҷамолат Кайвон шуда посбони ҳиндуй. Ораз ба масал чу барги насрин, Боло ба сифат чу сарви худрӯй. Гӯӣ, ба чӣ шона кардаӣ зулф? Ё худ ба чӣ об шустаӣ рӯй? К-аз рӯй ба лола медиҳӣ ранг, В-аз зулф ба мушк медиҳӣ бӯй. Чун Саъдӣ сад ҳазор булбул Гулзори рухи туро ғазалгӯй.