Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чун танг набошад дили мискини ҳамоме

Чун танг набошад дили мискини ҳамоме, К-иш ёри ҳамовоз бигиранд ба доме? Дишаб ҳама шаб даст дар оғӯши саломат, В-имрӯз ҳама рӯз таманнои саломе. Он буд гулу сунбулу нолидани булбул, Хуш буд, дареғо, ки накарданд давоме. Аз ман маталаб сабри ҷудоӣ, ки надорам, Сангест фироқу дили меҳнатзада ҷоме. Дар ҳеч муқомаш дили мискин нанишинад, Хӯкардаи суҳбат, ки барафтад зи мақоме. Бе дӯст ҳаром аст ҷаҳон дидани муштоқ, Қандил бикуш, то бинишинам ба заломе. Чандон бинишинам, ки барояд нафаси субҳ, К-он вақт ба дил мерасад аз дӯст паёме. Он ҷо ки туӣ, рафтани мо суд надорад, Илло ба карам пеш ниҳад лутфи ту гоме. З-он айн ки дидӣ, асаре беш намондаст, Ҷоне ба даҳан омада дар ҳасрати коме. Саъдӣ сухани ёр нагӯяд бари ағёр, Ҳаргиз набарад сӯхтае қисса ба хоме.