Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Рӯй бипӯш, эй қамари хонагӣ

Рӯй бипӯш, эй қамари хонагӣ, То накашад ақл ба девонагӣ. Булъаҷабиҳои хаёлат бибаст Чашми хирадмандию фарзонагӣ. Бо ту бибошам ба кадом обрӯй? Ё бигурезам ба чӣ мардонагӣ? Бо ту баромехтанам орзуст, В-аз ҳама кас ваҳшату бегонагӣ. Парда барандоз шабе шамъвор, То ҳама сӯзем ба парвонагӣ. Ё бикунад хонаи Саъдӣ хаёл, Ё бибарад дӯст ба ҳамхонагӣ.