Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Умрам ба охир омад, ишқам ҳанӯз боқӣ

Умрам ба охир омад, ишқам ҳанӯз боқӣ, В-аз май чунон на мастам, к-аз ишқи рӯи соқӣ. Ё ғояталамонӣ, қалбӣ ладайка фонӣ, Шахсӣ камо таронӣ мин ғоят-иштиёқӣ. Эй дардманди мафтун бар хадду холи мавзун, Қадри висолаш акнун донӣ, ки дар фироқӣ. Ё саъду кайфа сирно фӣ балдатин ҳаҷарно, Мин баъди мо шаҳарно вал-айди фӣ-л-иноқӣ. Баъд аз Ироқ ҷое хуш н-оядам ҳавое, Мутриб, бизан навое з-он пардаи ироқӣ. Хоназзамону аҳдӣ ҳатто бақиту ваҳдӣ, Радду алайя вуддӣ биллоҳи ё рифоқӣ. Дар сарву маҳ чӣ гӯӣ, эй маҷмаъи накӯӣ? Ту моҳи мушкбӯӣ, ту сарви симсоқӣ. Ин митту фӣ ҳавоҳо даънӣ амут фидоҳо, Ё одилӣ набоҳо зарнӣ ва мо улоқӣ. Чанд аз ҳадиси онон, хезед, эй ҷавонон, То дар ҳавои ҷонон бозем умри боқӣ. Қома-л-ғиёсу ламмо зумма-л-ҷамолу заммо, Валлайлу мудлаҳиммо ваддамъу фӣ-л-маоқӣ. То дар миён наёрӣ, бегонаӣ, на ёрӣ, Дарбоз, ҳар чӣ дорӣ, гар марди иттифоқӣ.