Агар ту парда бар ин зулфу рух намепӯшӣ
Агар ту парда бар ин зулфу рух намепӯшӣ,
Ба ҳадки пардаи соҳибдилон ҳамекӯшӣ.
Чунин қиёмату қомат надидаам ҳама умр,
Ту сарв ё баданӣ, шамс ё буногӯшӣ.
Ғуломи ҳалқаи симини гӯшвори туам,
Ки подшоҳи ғуломони ҳалқадаргӯшӣ.
Ба кунҷи хилвати покону порсоён ой,
Назора кун, ки чӣ мастӣ кунанду мадҳушӣ.
Ба рӯзгори азизон, ки ёд мекунамат
Аладдавом, на ёде пас аз фаромӯшӣ.
Чунон мувофиқи табъи манию дар дили ман
Нишастаӣ, ки гумон мебарам, дар оғӯшӣ.
Чӣ некбахт касоне, ки бо ту ҳамсухананд,
Маро на заҳраи гуфту на сабри хомӯшӣ.
Рақиби номутаносиб чӣ аҳли суҳбати туст,
Ки табъи ӯ ҳама нешу ту сар ба сар нӯшӣ?
Ба тарбият ба чаман гуфтам, эй насими сабо,
Бигӯй, то надиҳад гул ба хори човушӣ.
Ту сӯзи синаи мастон надидӣ, эй ҳушёр,
Чу оташет набошад, чӣ гуна барҷӯшӣ?
Туро ки дил набувад, ошиқӣ чӣ донӣ, чист?
Туро ки самъ набошад, самоъ нанюшӣ.
Вафои ёр ба дунёву дин мадеҳ, Саъдӣ,
Дареғ бошад Юсуф, ба ҳар чӣ бифрӯшӣ.