Макун саргашта он дилро, ки дастомӯзӣ ғам кардӣ
Макун саргашта он дилро, ки дастомӯзӣ ғам кардӣ,
Ба зери пои ҳиҷронаш лагадкӯби ситам кардӣ.
Қалам бар бедилон гуфтӣ, нахоҳам ронду ҳам рондӣ,
Ҷафо бар ошиқон, гуфтӣ, нахоҳам карду ҳам кардӣ.
Бадам гуфтию хурсандам, афокаллаҳ, накӯ гуфтӣ,
Сагам хондию хушнудам, ҷазокаллаҳ, карам кардӣ.
Чӣ лутф аст, ин ки фармудӣ, магар сабқуллисон будат?
Чӣ ҳарф аст, ин ки овардӣ, магар саҳвулқалам кардӣ?
Иноят бо ман авлотар, ки таъдиби ҷафо дидам,
Гулафшон бар сари ман кун, ки хорам дар қадам кардӣ.
Ғанимат дон, агар рӯзе ба шодӣ даррасӣ, эй дил,
Пас аз чандин таҳаммулҳо, ки зери бори ғам кардӣ.
Шаби ғамҳои Саъдиро магар ҳангоми рӯз омад,
Ки торику заъифаш чун чароғи субҳдам кардӣ?!