Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ
Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ,
Ки ҳанӯз ман набудам, ки ту дар дилам нишастӣ.
Ту на мисли офтобӣ, ки ҳузуру ғайбат афтад,
Дигарон раванду оянду ту ҳамчунон ки ҳастӣ.
Чӣ ҳикоят аз фироқат, ки надоштам, валекин
Ту чу рӯй боз кардӣ, дари моҷаро бибастӣ.
Назаре ба дӯстон кун, ки ҳазор бор аз он беҳ,
Ки таҳийяте нависию ҳадийяте фиристӣ.
Дили дардманди моро, ки асири туст, ёро,
Ба висол марҳаме неҳ, чу ба интизор хастӣ.
На аҷаб, ки қалби душман шиканӣ ба рӯзи ҳайҷо,
Ту, ки қалби дӯстонро ба муфориқат шикастӣ.
Бирав, эй фақеҳи доно, ба Худой бахш моро,
Туву зуҳду порсоӣ, ману ошиқию мастӣ.
Дили ҳушманд бояд, ки ба дилбаре супорӣ,
Ки чу қиблает бошад, беҳ аз он ки худпарастӣ.
Чу зимоми бахту давлат на ба дасти ҷаҳд бошад,
Чӣ кунанд, агар забунӣ накунанду зердастӣ?
Гила аз фироқи ёрону ҷафои рӯзгорон
На тариқи туст, Саъдӣ, ками хеш гиру растӣ.