Эй хаста дилам дар хами чавгони ту гӯе
Эй хаста дилам дар хами чавгони ту гӯе,
Бефоидаам пеши ту чун беҳудагӯе.
Эй тири ғами ишқи ту ҳар ҷо, ки расида,
Афтода ба захмаш чу камон пушти дутӯе.
Ҳам турфа надорам, агарам бознавозӣ,
Зеро ки аҷаб нест накӯӣ зи накӯе.
Саъдӣ, ғамаш аз даст мадеҳ, гар надиҳад даст,
Кай даст диҳад дар ҳама офоқ чун ӯе?