Эй рухи чун оина афрӯхта
Эй рухи чун оина афрӯхта,
Алҳазар аз оҳи мани сӯхта!
Ғайрати султони ҷамолат чу боз
Чашми ман, аз ҳар кӣ ҷаҳон, дӯхта.
Ақли куҳан бори ҷафо мекашад
Дам ба дам аз ишқи навомӯхта.
Ваҳ, ки ба якбор пароканда шуд,
Он чи ба умре бишуд андӯхта.
Ғам ба таваллои ту бихридаам,
Ҷон ба таманнои ту бифрӯхта.
Дар дили Саъдист чароғи ғамат
Машъалае то абад афрӯхта.