Ман аз дасти камондорони абрӯ
Ман аз дасти камондорони абрӯ
Намеёрам гузар кардан ба ҳар сӯ.
Ду чашмам хира монд аз рӯшноӣ,
Надонам, қурси хуршед аст ё рӯ.
Биҳишт аст, ин ки ман дидам, на рухсор,
Каманд аст, он ки вай дорад, на гесӯ.
Лабони лаъл чун хуни кабутар,
Саводи зулф чун парри парасту.
На он сарпанҷа дорад шӯхи айёр,
Ки бо ӯ бартавон омад ба бозу.
Ҳама ҷон хоҳад аз ушшоқи муштоқ,
Надорад санги кӯчак дар тарозу.
Нафасро бӯи хуш чандин набошад,
Магар дар ҷайб дорад нофи оҳу?
Лаби хандони ширинмантиқашро
Нашояд гуфт ҷуз Заҳҳоки ҷоду.
Ғарибе сахт маҳбуб уфтодаст
Ба Туркистони рӯяш холи ҳинду.
Аҷаб, гар дар чаман бар пой хезад,
Ки пешаш сарв наншинад ба зону.
В-агар биншинад андар маҳфили ом,
Дусад фарёд бархезад зи ҳар сӯ.
Ба ёди рӯи гулбӯи гуландом
Ҳама шаб хор дорам зери паҳлӯ.
Таҳаммул кун ҷафои ёр, Саъдӣ,
Ки ҷаври некувон занбест маъфу.