Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Хушову хуррамо вақти ҳабибон

Хушову хуррамо вақти ҳабибон Ба бӯи субҳу бонгу андалебон! Хуш он соат, нишинад дӯст бо дӯст, Ки сокин гардад ошӯби рақибон. Ду тан дар ҷомае чун писта дар пӯст, Бароварда ду сар аз як гиребон. Сазои душманон ин бас, ки бинанд Ҳабибон рӯй дар рӯи ҳабибон. Насиб аз умри дунё нақди вақт аст, Мабош, эй ҳушманд, аз бенасибон. Чу донӣ, к-аз ту чӯпонӣ наёяд, Раҳо кун гӯсфандонро ба зибон. Ман ин риндону мастон дӯст дорам Хилофи порсоёну хатибон. Биҳил, то дар ҳақи ман ҳар чӣ хоҳанд, Бигӯянд ошноёну ғарибон. Лаби ширинлабонро хислате ҳаст, Ки ғорат мекунад ҳуши лабибон. Нишастам бо ҷавонмардони авбош, Бишустам, ҳар чӣ хондам бар адибон. Кӣ медонад давои дарди Саъдӣ, Ки ранҷуранд аз ин иллат табибон?!