Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ё Раб, он рӯй аст ё барги суман?

Ё Раб, он рӯй аст ё барги суман? Ё Раб, он қадд аст ё сарви чаман? Бар суман кас дид ҷаъди мушкбор? Дар чаман кас дид сарви симтан? Ақл чун парвона гардиду наёфт Чун ту шамъе дар ҳазорон анҷуман. Сахт муштоқем, паймоне бикун, Сахт маҷрӯҳем, пайконе бикан. Ваҳ, кадомат з-ин ҳама ширинтар аст: Ханда ё рафтор, ё лаб, ё сухан? Гар сари мо хоҳӣ, инак ҷону сар, В-ар сари мо дорӣ, инак молу тан. Гар навозӣ, в-ар кушӣ, фармон турост, Бандаем, инак сару теғу кафан! Саъқа мехоҳӣ, ҳиҷобе даргузор, Фитна меҷӯӣ, ниқобе барфикан. Ман киям, к-он ҷо ки кӯи ишқи туст, Дарнамегунҷад ҳадиси мову ман Эй зи васлат хонаҳо дорушшифо, В-эй зи ҳаҷрат байтҳо байтулҳазан. Вақти он омад, ки хоки мурдаро Бод резад оби ҳайвон дар даҳан. Пора гардонад Зулайхои сабо Субҳдам бар Юсуфи гул пираҳан. Нутфаи шабнам дар арҳоми замин Шоҳиди гул гашту тифли ёсуман.